Яке аз моликони «Интер Майами» Дэвид Бекхэм дар мавриди гузариши ҳамлавари аргентинӣ Лионел Месси ба «Интер Майами» сухан кард.
«Ба шаҳри мо ва бошгоҳи мо бузургтарин бозигар дар таърих омад. Ин диққати кулли ҷаҳониёнро ҷалб кард, чизе, ки мо ҳама вақт мехостем.
Маросими муаррификунии Леоро 3,5 миллиард нафар тамошо карданд, ин шумораи хеле бузург аст», – иқтибос меорад аз суханони Бекхэм All About Argentina.
Месси ба сафи «Интер Майами» чун футболбози озод гузариш намуда, дар дастаи ИМА ӯ таҳти рақами 10-ум баромад мекунад. Пештар ӯ ду мавсим дар «ПСЖ» гузаронид ва бо ин даста қаҳрамони Фаронса ва дорандаи Суперҷоми ин кишвар гардид.
Дар мавсими қаблӣ бозигари аргентинӣ дар сафи «ПСЖ» 40 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, 21 голу 20 партофти голӣ ба омор гирифтааст.