LIVE

Лионел Месси гузариши хешро ба «ПСЖ» шарҳ дод

Ҳамлавари «Интер Майами» Лионел Месси оиди даврони сипаринамудааш дар «ПСЖ» сухан кард.
«Ман ба «ПСЖ» омадам, зеро бароям бошгоҳ маъқул буд ва онҷо дӯстон, шиносон ва нафароне, ки бо ман дар тамос буданд, бозӣ мекарданд. Ба назар менамуд, ки рафти мутобиқшавӣ дар он даста бароям осон мегузарад.  Аз ин рӯ ман он дастаро интихоб намудам.
Ростӣ гап он аст, ки дар қиёс ба интизориҳоям рафти мутобиқшавӣ бароям мушкилтар паси сар шуд. Мутобиқ шудан ба тағйиротҳо низ бароям бо мушкилиҳо анҷом ёфтанд. Илова бар ин ман дертар шомили ҳайат шудам ва аз омодагиҳои пеш аз мавсимӣ низ дер мондам. Барои ман ва оилаам зарур омад, ки ба ҳаёт дар шаҳри нав мутобиқ шавам. Ин ҳам мушкил буд.», — иқтибос меорад аз суханони Месси beIN Sports.
Дар мавсими сипаришудаи-2022/2023 Месси дар 32 бозиҳои чемпионати Фаронса шитирок намуда, 16 гол ва 16 партофти голӣ дар омор дорад. Ин тобистон бошад бозигари аргентинӣ чун футболбози озод ба сафи  «Интер Майами» гузариш намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив