LIVE

Месси 35% саҳмияҳои “Интер Майами”-ро мехарад ва соли 2023 ба даста мепайвандад

Ҳамлагари ПСЖ Лионел Месси тобистони соли 2023 ба дастаи MLS-и “Интер Майами” мегузарад. 
Ба иттилои манбаъ, футболбози 34-сола низ соҳибмулки даста табдил ёфта, 35% саҳмияҳоро мехарад. Месси дар ибтидо ҳамчун бозигари ин тими футбол, ки ба Дэвид Бекхэм тааллуқ дорад, ҳамроҳ мешавад. Аммо то рафтан ба MLS ӯ барои як мавсими дигар дар Париж мемонад. 
Месси тобистони соли 2021 ба ПСЖ пайваст. Дар мавсими ҷорӣ футболбози аргентинӣ дар 33 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо 11 гол ва 13 ассист дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив