LIVE

Бекхэм - Кавани ва Модричро ба Амрико мебарад

Бошгоҳи "Интер" Майами, ки моликаш собиқ футболбози мунтахаби Англия - Дэвид Бекхэм мебошад, ният дорад, пеш аз оғози мавсим дар MLS ду ситораи футболро ба Амрико даъват намояд. Тибқи иттилои манбаъ ин  бошгоҳи шаҳри Флорида ба нимҳимоятгари "Реал Мадрид" - Лука Модрич ва ҳамлагари "ПСЖ" - Эдинсон Каванӣ мароқ зоҳир намудааст.  Гуфта мешавад, ки "Интер" Майами қасд дорад, маоши ҳарду бозингарро ду баробар зиёд намояд, то онҳо ба ин гузариш розӣ шаванд. Дар ин мавсим футболбози 34-солаи хорватӣ  дар Ла Лига 17 бозӣ гузаронида, се гол ва 5 партофти головар анҷом додааст. Футболбози 32 солаи уругваи дар 10 бозии  Лигаи 1-уми Фаронса 2 гол задааст. Ёдовар мешавем, ки  соли 2018 Модрич соҳиби тӯби тиллоӣ гардида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив