Гуфта мешавад, ки ҳуҷумкунандаи бошгоҳи «ПСЖ» Эдинсон Кавани футболбози тими «Атлетико» мешавад. Тавре ВАО иттилоъ медиҳад, мадридиҳо ба нишонзани уругваӣ пешниҳоди бастани созишнома ба муҳлати се сол додаанд. Шарномаи Кавани бо тими парижӣ моҳи июни соли 2020 ба анҷом мерасад ва ӯ ҳамчун бозигари озод ба Мадрид меравад. Эдинсон Кавани дар мавсими ҷорӣ 11 маротиба ба майдон баромада, ба задани 3 гол даст ёфтааст.