LIVE

Маоши Мессиро минбаъд Бекхэм пардохт мекунад

Падари ҳамлагари “Барселона” Лионел Месси бо директори варзишии бошгоҳи “Интер Майами”-и MLS Пол Макдонах вохӯрд. Дар ин бора “The Sun” иттилоъ медиҳад. Тибқи иттилои ин нашрия вохӯрии тарафайн санаи 14-уми сентябр дар Лондон ба вуқуъ пайвастааст. Зимни гуфтушунид ҷонибҳо дар бораи гузариши футболбози аргентинӣ ба ҳайати тими “Интер Майами”, ки молики он собиқ футболбози мунтахаби Англия Дэвид Бекхэм аст, гуфтушунид анҷом додаанд.
Лионел мавсими гузуашта дар ҳайати “нилунориҳо” 50 бозӣ гузаронида, ба задани 21 гол даст ёфтааст. Дар мавсими ҷорӣ бошад, Месси то кунун ба бо иллати барқарорсозии ҷароҳаташ ба майдон наомадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив