LIVE

"Бавария" омода аст бар ивази 40 млн евро аз Левандовски ҷудо шавад

Ҳамлагари «Бавария» - Роберт Левандовски тобистон дастаи мюнхениро тарк мекунад. 
Ба иттилои манбаъ, дар ояндаи наздик раҳбарияти бошгоҳи шаҳри Мюнхен бо агенти футболбоз Пини Заҳавӣ мулоқот хоҳад кард. Бошгоҳи олмонӣ иқрор шудааст, ки нақшаи фурӯши ҳамлагарро тобистони имсол дар нақша дорад. Бавария барои ҳамлагари худ ҳадди ақал 40 миллион евро маблағ мехоҳад. Юа гуфтаи намояндаи Роберт дастаҳои «Барселона» ва «Пари Сен-Жермен» барои пардохти ин маблағ омодаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бошгоҳи каталонӣ барои харидории ин футболбози лаҳистонӣ талош дорад ва омода аст ба ӯ дар як сол тақрибан 40 миллион евро пардохт кунад.
Левандовскии 33-сола соли 2014 ба тими олмонӣ пайваст. Дар мавсими ҷорӣ ҳамлагар дар 42 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо 47 гол ва 6 ассист дорад. Шартномаи Левандовски бо клуб то соли 2023 ба охир мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив