LIVE

Роберт Левандовски ба Премйер Лига даъват мешавад

Ҳамлагари мунтахаби Полша ва “Бавария” - Роберт Левандовски метавонад ба клуби Премйер Лигаи Англия гузарад. 
Бино ба иттилои манбаъ, агенти ҳамлагари лаҳистонӣ Пини Захави бо роҳбарияти “Бавария” дар бораи шартномаи нав гуфтушунид мекунад. Агар клуби шаҳри Мюнхен музди маоши бозигарро баланд набардорад он вақт, Левандовски метавонад дар Англия корномаи варзишии худро идома диҳад. Ба ҳамлагар “Манчестер Юнайтед” ва “Челси” таваҷҷӯҳ доранд.
Левандовски аз соли 2014 дар “Бавария”-и Мюнхен бозӣ мекунад ва қарордоди феълии ӯ соли 2023 ба итмом мерасад. Дар мавсими ҷорӣ Роберт дар 26 бозии Бундеслигаи Олмон ширкат варзида, 36 гол зада, 6 партофти головар анҷом додааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив