LIVE

Левандовски рекорди Герд Мюллерро такрор кард

Ҳамлагари «Бавария» - Роберт Левандовски давоми 5 мавсими охир аст, ки дар ҳайати дастааш на камтар аз 40 гол ба ҳадаф мерасонад. 
Дар бозии даври 26-уми Бундеслигаи Олмон Левандовски дар дақиқаи 40-уми бозӣ зарбаи ҷаримавиро ба дарвозаи «Унион» бидуни иштибоҳ иҷро кард. Барои ҳамлавари полшагӣ ин 40-умин гол дар мавсими ҷорӣ маҳсуб мешавад. Роберт Левандовски дар Чемпионати Олмон 26 гол, дар Лигаи Чемпионҳо 11 гол ва дар Ҷоми Олмон 3 гол задааст. 
Роберт Левандовски дуюмин футболбози «Бавария» гардид, ки дар 26 бозӣ 26 гол задааст. То ин замон ин кор танҳо се маротиба ба собиқ футболбози беҳамтои олмонӣ - Герд Мюллер даст дода буд. 
Дар мавсими гузашта низ Левандовски муаллифи 40 гол гардида буд. Беҳтарин нишондоди ҳамлагари 31 сола ин дар мавсими солҳои 2016/2017 маҳсуб мешавад, ки он замон нишонзан 43 зарбаи ҳадафрас иҷро кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив