LIVE

Левандовски беҳтарин бозигари сол эълон шуд

Ҳамлагари лаҳистонии «Бавария»-и Мюнхен Роберт Левандовски аз ҷониби The Guardian беҳтарин футболбози сол дониста шуд. Ҳамлавари дастаи ПСЖ Лионел Месси, ки соҳиби ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» шуд, дар ҷои дуюм қарор гирифт.

Ба панҷгонаи беҳтарин Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул»), Карим Бензема («Реал Мадрид») ва Жоржиню («Челси») дохиланд. Ба даҳ бозигари беҳтарин бозигарони зерин шомиланд: Килиан Мбаппе (ПСЖ), Эрлинг Ҳолланд (Боруссия Дортмунд), Криштиану Роналду («Ювентус»), Нголо Канте («Челси») ва Кевин де Брюйне («Манчестер Сити»).

Левандовскии 33-сола аз ҷониби The Guardian соли дуюм пайиҳам "Бозингари сол" эълон мешавад.

Левандовски дар 17 бозии чемпионати Олмон 19 маротиба гол зад. Шартномаи ӯ бо "Бавария" то соли 2023 эътибор дорад ва арзиши бозории футболбози лаҳистонӣ 50 миллион евро арзёбӣ мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив