LIVE

Месси пешсафи рӯйхати "Тӯби тиллоӣ"

Сомонаи машҳури англисии Goal.com муддаиёни ҷоизаи бонуфузи «Тӯби тиллоӣ»-ро интишор намуд. Пешсафи ин рӯйхат ҳамлагари дастаи “ПСЖ” Лионел Месси мебошад, ки дар соли 2021 40 гол ва 14 ассист кардааст. Ҳамлагар инчунин дар ҳайати Аргентина Ҷоми Амрико ва дар ҳайати «Барселона» Ҷоми Испанияро ба даст овард.
Дар зинаи дуюм ҳамлагари «Бавария» Роберт Левандовский қарор дорад. Дар соли 2021 вай 54 гол ва 8 партофти головар ирсол намуд. Инчунин ғолиби Бундеслига, Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳо ва Суперҷоми Олмон шудааст.
Дар зинаи сеюм бошад, ниммуҳофизатгари дастаи «Челси» Жоржинйо қарор гирифтааст. Номбурда дар соли 2021 муаллифи 7 гол ва 3 паси натиҷаовар гардидааст. Жоржинйо соли гузашта бо дастаи “Челси” Лигаи Чемпионҳо, Суперҷоми УЕФА ва бо мунтахаби Италия Евро-2020-ро ба даст овард.
Дар зинаҳои баъдӣ нимҳимоятгар Нголо Канте («Челси»), Карим Бензема («Реал»), Килиан Мбаппе («ПСЖ»), Ромелу Лукаку («Челси»), Эрлинг Ҳолланд («Боруссия»), Криштиану Роналду («Манчестер Юнайтед») ва Кевин де Брюйне («Манчестер Сити») қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки маросими тақдими ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” санаи 29-уми ноябр дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив