LIVE

30 футболбоз довталаб барои "Тӯби тиллоӣ"

Нашрияи бонуфузи France Football рӯйхати ҳамаи довталабони ҷоизаи “Туби тилло”-ро дар соли 2021 нашр кард. Барои соҳиб шудани "Тӯби тиллоӣ" 30 бозигар мубориза мебаранд. France Football чунин бозинагронро номзад барои дарёфти "Тӯби тиллоӣ"донистааст. 
Харри Кейн («Тоттенхэм»), Ҷанлуиҷи Доннарумма («Милан»/«ПСЖ»), Карим Бензема («Реал»), Раҳим Стерлинг («Манчестер Сити»), Николо Барелла («Интер»), Лионел Месси («Барселона»/«ПСЖ»), Бруну Фернандеш («МЮ»), Педри («Барселона»), Лука Модрич («Реал»),  Келлини («Ювентус»). Кевин де Брёйне («Манчестер Сити»), Неймар («ПСЖ»), Рубен Диаш («Манчестер Сити»), Лаутаро Мартинес («Интер»),   Симон Киер («Милан»). Роберт Левандовский («Бавария»), Жоржинио («Челси»), Муҳаммад  Салоҳ («Ливерпул»), Сезар Аспиликуэта («Челси»),   Ромелу Лукаку («Интер»/«Челси»), Криштиану Роналду («Ювентус»/«МЮ»), Жерар Морено («Вилярреал»), Фил Фоден («Манчестер Сити»), Килиан Мбаппе («ПСЖ»), Луис Суарес (Атлетико»).  
Маросими супоридани "Тӯби тиллоӣ" 5-уми декабр дар  Париж баргузор мешавад. Маҳз дар ҳамин макон Лионел Месси ҷоизаи шашуми туби тиллои худро дар соли 2019 гирифта буд.  Ёдовар мешавем, ки соли гузашта "Тӯби тиллоӣ" бо сабаби пандемияи коронавирус ба футболбозӣ беҳтарини сол тақдим нашуд, ки он замон Роберт Левандовски  довталабони асосӣ  дониста мешуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив