LIVE

Мбаппе – гаронарзиштарин бозигар. Роналду дар сегона нест.

Футболбози «ПСЖ» Килиан Мбаппе аз рӯи таҳқиқот ё худ пажуиши “Football Benchmark” гаронарзиштарин футболбози сайёра эътироф шуд. Арзиши ин футболбози 20 соларо дар бозори тиҷоратии футбол 225 миллион евро баҳогузорӣ намудаанд. Неймар ва Лионел Месси зинаҳои дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд. Дар феҳристи мазкур исми 10 футболбози қиматтарини ҷаҳон, ки арзишашон беш аз 100 млн евро  аст, дарҷ гаридааст. 

1. Килиан Мбаппе «ПСЖ» – 225 миллион евро
2. Неймар «ПСЖ» – 185
3. Лионел Месси «Барселона» – 180
4. Эден Азар «Реал» – 152
5. Раҳим Стерлинг «Манчестер Сити» – 150
6. Муҳаммад Салаҳ «Ливерпул» – 150
7. Ҳарри Кейн «Тоттенхэм» – 140
8. Садйо Мане «Ливерпул» – 130
9. Кевин де Брюйне «Манчестер Сити» – 130
10. Антуан Гризманн «Барселона» – 125
 Барандаи 5 “Тӯби тиллоӣ” Криштиану Роналду ва қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018 - Пол Погба ва як қатор бозигарони дигари маъруф ҳатто дар 15-гона ҷой наёфтанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив