LIVE

Номзадон барои «Тӯби тиллоӣ» аз рӯи фарзияи Goal.com

Goal.com рӯйхати нави номзадон барои «Тӯби тиллоӣ», ки дар охири соли 2021 дода мешавад нашр намуд.

Ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси, ки бозигари озод мебошад дар мақоми аввали рӯйхат аст. Дар рӯйхати пеш аз ин нашршуда, Месси дар зинаи 5-ум қарор дошт. Дар зинаи дуюм ҳамлагари «Бавария» Роберт Левандовски аст ва дар ҷои сеюм нимҳимоятгари дастаи «Челси» Н'Голо Канте қарор гирифтааст, ки дар рӯйхати қаблӣ дар мақоми аввал буд.


Топ-10 номзадони «Тӯби тиллоӣ» аз рӯи фарзияи Goal:


Лионел Месси («Барселона», мунтахаби Аргентина);

Роберт Левандовски («Бавария», мунтахаби Полша);

Н'Голо Канте («Челси», мунтахаби Фаронса);

Ромелу Лукаку («Интер», мунтахаби Белгия);

Килиан Мбаппе («Пари Сен-Жермен», мунтахаби Фаронса);

Кевин Де Брёйне («Манчестер Сити», мунтахаби Белгия);

Криштиану Роналду («Ювентус», мунтахаби Португалия);

Раҳим Стерлинг («Манчестер Сити», мунтахаби Англия);

Эрлинг Холанд («Боруссия» Д, мунтахаби Норвегия);

Неймар («ПСЖ», мунтахаби Бразилия).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив