LIVE

Левандовский аз Раул пеш гузашта, ба Роналду ва Месси наздик мешавад

“Бавария” дар бозии якуми даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бар муқобили “Латсио” (1-4) ғалаба кард. Дар дақиқаи 9-ум ҳамлагар - Роберт Левандовский аз интиқоли номуваффақи муҳофиз - Матео Мусаччио истифода карда, голи навбатии худро дар ин мусобиқа ба ҳадаф расонид. Ин 72-юмин голи Роберт Левандовский дар Лигаи чемпионҳо ҳисобида мешавад. Дар рӯйхати голзанҳои беҳтарини мусобиқа ӯ собиқ ҳамлагари “Реал Мадрид” ва “Шалке” Раулро (71) дар пушти худ гузошт.  Пешсафи ин рӯйхат ҳамлагари "Ювентус" - Криштиану Роналду бо 134 гол ба ҳисоб меравад. Ҳамлагари "Барселона" - Лионел Месси (119) дар зинаи дуюм қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив