LIVE

"Бавария" ҳанӯз дар қисми якум "Латсио"-ро сарафканда кард

Дар бозии якуми даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо  бошгоҳи   Латсио дар  варзишгоҳи "Олимпико"-и Рим    "Бавария"-и Мюнхэнро пазируфт. Голи якумро дар дақиқаи 9-ум  Роберт Левандовский ба самар расонид.  Дар дақиқаи 24-ум  нимҳимоягар Ҷамал Мусиала  бартарии мюнхэниҳоро дучанд сохт.  Дар лаҳзаҳои охири нимаи якуми вохӯрӣ Лерой Сане ҳам номи худро ба рӯйхати голзанҳои рақобат сабт намуд.  Дар дақиқаи 47-ум  ҳимоятгари "Латсио"  Франческо Ачерби  ғайричашмдошт тӯбро дохили дарвозаи худ намуд.  Бо гузашти  ду дақиқа    ба Хоакин Корреа  муяссар гардид, то  дарвозаи "Бавария"-ро рахна созад.  Бо ҳисоби 4 бар 1  "Бавария" ғолиб омад.  Вохӯрии ҷавобӣ 17 март дар  Олмон сурат мегирад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив