LIVE

Ӯзбекистон дар Тошканд аз Эрон шикаст хурд

Мунтахаби Ӯзбекистон оид ба футбол дар бозии дӯстона аз якачини Эрон шикаст хурд.  Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Тошканд сурат гирифта, бо ҳисоби 1 бар 2 ба суди меҳмонон поён  ёфт. Ҳисобро дар  қисми якуми бозӣ меҳмон кушоданд.  Дар дақиқаи 43-юм Сардор Озмун ба задани гол даст ёфт.  Дар дақиқаи 51-ум Меҳди Тареми  бо муваффақият аз зарбаи ҷаримавии 11 метра тӯбро дохили дарвозаи миллипушони ӯзбек намуда, бартарии тимашро дучанд сохт.  Бо гузашти ду дақиқа Элдор Шомуродов ба як голи ҳарифон ҷавоб гуфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив