LIVE

"Бавария" Суперҷоми Олмонро низ ба даст овард

Дар шаҳри Мюнхэн дастаҳои "Бавария" ва "Боруссия"-Дортмунд барои Суперҷоми Олмон мубориза бурданд.  Муаллифи голи якум дар дақиқаи 18-ум Корентин Толиссо гардид. Томас Мюллер дар дақиқаи 32-юм бартарии  мюнхэниҳоро дучанд гардонид.  Баъди ин меҳмонон ташаббуси бозиро ба даст гирифта, таносубро барқарор сохтанд. Бо гузашти 7 дақиқа  Юлиан Брандт ба як голи ҳарифон ҷавоб гуфт. Сипас дар дақиқаи 55-ум  Ҳолланд  низ дарвозаи "Бавария"-ро рахна сохт. Дар дақиқаи 82-юм Йозуа Киммих голи ғалабаоварро марбути номи худ кард. Ҳамин тавр бозӣ бо ҳисоби 3 бар 2 бар фоидаи "Бавария" ба анҷом расида, ба ин васила мюнхэниҳо маротибаи 8-ум барандаи Суперҷоми Олмон гардиданд.  "Боруссия" бошад, 6 бор ин ҷоизаро моли худ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив