LIVE

“Бавария” барандаи Суперҷоми УЕФА

Дар бозӣ барои дарёфти Суперҷоми УЕФА дастаи “Бавария” бо тими “Севиля” рақобат кард. Вохӯрӣ дар “Пушкаш Арена”-и шаҳри Будапешт сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи футболбозони “Бавария” хотима ёфт. Голи аввали бозиро футболбози дастаи “Севиля” - Лукас Окампос дар дақиқаи 13-ум аз зарбаи ҷаримавии 11 метра зад. Дар дақиқаи 34-ум Леон Горетска таносубро барқарор намуд. Баъд аз ин натиҷа бо вуҷуди кӯшишҳои ҳарду ҷониб дигар ҳисоб тағйир наёфт. Дар қисми иловашудаи бозӣ Хави Мартинес дар дақиқаи 104-ум ниҳоятан ба задани гол даст ёфа, тимашро барандаи Суперҷоми УЕФА дар соли 2020 гардонид. Ҳамин тариқ дастаи “Севиля” дар шумораи бохтҳои Суперҷом антирекорд гузошт. Ҳамакнун дар ҳисоби ин бошгоҳи испанӣ 5 бохт сабт шуда, як пирӯзӣ дорад. Бошгоҳи "Бавария" бори 2-юм дар таърихи мавҷудияташ барандаи Суперҷоми УЕФА гардид. Мюнхениҳо ҳамагӣ дар мубориза барои бурди ин ҷоиза 5 бор рақобат кардаанд.     

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив