LIVE

Мюллер бо дастааш шартномаи нав баст

Ҳамлагари  бошгоҳи “Бавария” -  Томас Мюллер  қарордоди ҳамкориашро бо мюнхэниҳо тамдид намуд.  Муҳлати шартномаи футболбози 30 сола  то  рӯзи 30-юми июни соли 2023  эътибор дорад. Мюллер дастпарвари  “Бавария”  буда, аз соли 2007 инҷониб дар ҳайати асосии даста ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ҳайати “Бавария”  Томас  8  маротиба қаҳрамони Олмон  шуда, панҷ маротибаи дигар Ҷом ва Суперҷоми кишварро  соҳиб гардидааст. Ҳамчунин соли 2013  ғолиби Лигаи чемпионҳо ва соли 2014  чемпиони ҷаҳон дар ҳайати мунтахаби Олмон шудааст. Дар мавсими ҷорӣ бошад,  ин  ҳамлагар дар 25 бозии Бундеслига  6 гол зада, 16  партофти самаровар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив