Бошгоҳи мюнхении «Бавария» дар шароите, ки ҳамагон дар карантин нишастаанд, ба майдон баргашта, тамринҳои худро дубора оғоз кард. Ба иттиллои сомонаи Daily Mail дар тамрини нахустин аз ҳайати аввалия Мануэл Нойер, Роберт Левандовски, Томас Мюллер, Филиппе Коутиню, Жером Боатенг ва Кингсли Коман ширкат варзиданд. Ҳарчанд онҳо дар як майдон ба тамрин фаро гирифта шудаанд, аммо талаботҳои Кумитаи байналмилалии тандурустиро риоя карда, аз ҳам дар масофаи муқарраршуда қарор гирифтанд. Дар аввалин тамрин ниммуҳофизатгари «Бавария» - Корентин Толиссо ҷароҳат бардошту як муддат ба табобат машғул мешавад. Бундеслига шуруъ аз 13-уми март бо сабаби хурӯҷи вируси сироятии COVID-19 боздошта шуд. «Бавария» бошад, бо 55 имтиёз баъди 25 даври мусобиқот садрнишин аст.