LIVE

Ҳамлагари “Ман Сити”-ро дар Олмон интизоранд

Бошгоҳи “Бавария” дубора барои ба даст овардани ҳамлагари тими “Манчестер Сити”-и Англия - Лерой Зане талош дорад. Олмониҳо омодаанд, ки ба бозингар шартномаи панҷсола пешниҳод кунанд иттилоъ додааст, Sport Bild. Худи футболбоз низ барои гузаштан ба дастаи мюнхенӣ мухолиф нест, дар ҳамин ҳол ду тими дигари Англия хоҳиши бастани шартномаро бо Зане доранд. Қарордоди кунунии футболбози олмонӣ бо  “Манчестер Сити” то моҳи июни соли 2021 эътибор дорад. Қаблан директори варзиши “Бавария” - Хасан Салихамиҷич бо намоядаи футболбози мунтахаби Олмон мулоқот намуда, дар бораи ин гузариш гуфтушунид анҷом додаанд. Лерой Зане моҳи августи соли 2016 бо маблағи 55 миллион евро аз “Шалке” ба “Манчестер Сити” омада буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив