LIVE

"Ювентус" бо чемпиони ҷаҳон шартномаи нав баст

Бошгоҳи "Ювентус" бо бозингари фаронсавии даста - Блез Матюиди тамдиди шартнома кард.
Мӯҳлати қарордоди нави бозингари номбурда бо даста барои як соли оянда баста шудааст. Тибқи иттилои сарчашма қарордод бо Блез Матюди то соли 2021 ба имзо расонида шудааст.
Дар мавсими ҷорӣ ниммуҳофизатгари 32 солаи фаронсавӣ дар 24 бозии даста ширкат варзида, 2 партофти головар анҷом додааст.
Дар ҳайати «Ювентус» - Матюиди ду маротиба чемпиони Италия ва як маротиба барандаи Ҷом ва Суперҷоми кишвар гаштааст. 
Феълан бозингари мазкур бо тамоми ҳайати дастааш дар карантин қарор дорад.



Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив