LIVE

"Ювентус" бо се бозигари таҷрибадораш қарордоди нав баст

Бошгоҳи "Ювентус" бо бозингарони даста - Ҷанлуиҷи Буффон, Ҷорҷо Келлини ва Блез Матюди тамдиди шартнома кард. Дар ин бора Goal иттилоъ медиҳад.
Мӯҳлати қарордоди бозингарони номбурда бо даста то 30-юми июни соли 2020 баста шудааст. Тибқи иттилои сарчашма қарордод бо Буффон, Келлини ва Матюди то соли 2021 ба имзо расонида мешавад.
Сарвони 35 солаи дастаи "Ювентус" - Келлини дар мавсими ҷорӣ дар 3 бозӣ ба майдон баромада, 1 гол ба самар расонидааст.
Буффони 42 сола дарвозабони собиқадори дастаи "Ювентус" буда, дар мавсими ҷорӣ дар 11 бозӣ ба майдон баромада, 9 бозиро бе гол ба анҷом расонидааст.
Ниммуҳофизатгари 32 солаи фаронсавӣ - Матюди дар 24 бозии даста ширкат варзида, 2 партофти головар анҷом додааст. Ҳозир бозингари мазкур дар ташхиси коронавирус қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив