LIVE

Боз як футболбози дигари "Ювентус" ба коронавирус гирифтор шуд

Бино ба иттиллои сомонаи расмии бошгоҳи "Ювентус"-и шаҳри Турин, аз таркиби хуни нимҳимоятгари даста - Блез Матюди коронавирусро пайдо карданд. Қаблан маълум шуд, ки ҳимоятгари "Ювентус" - Даниэл Ругани ба коронавирус мубтало шудааст. Айни замон футболбози мунтахаби Фаронса дар карантин қарор дорад. Пас аз ин ҳолат 121 корманди "Ювентус" азҷумла футболбозону менеҷерон ва дигар кормандони тим ба карантини хонагӣ ҷалб шудаанд. Чемпионати Италия бо сабаби хурӯҷи коронавирус манъ карда шудааст. COVID-19 дар Чин соли гузашта сабт шуда буд. Тибқи маълумоти охирин, дар саросари ҷаҳон беш аз 7000 нафар аз ин вирус фавтиданд. Ҳоло Италия маркази эпидемияи сар задани коронавирус дар Аврупо аст. Зиёда аз 2100 нафар аз коронавирус дар ин кишвар ба ҳалокат расида, 1420 нафари дигар ба табобат машғуланд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив