LIVE

Бозгашти Буффони бузург ба сафи "бянконерҳо"

Ҷанлуиҷи Буффон баҳри гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба дармонгоҳи бошгоҳии “Ювентус” ташриф овардааст.
 Дарвозабони итолиявӣ Ҷанлуиҷи Буффон баҳри гузариш ба “Ювентус” ба Турин омада, дар фурсатҳои наздик аз муоинаи тиббӣ мегузарад.  Ин футболбози 41-сола аллакай ба дармонгоҳи “бянконерҳо” ташриф оварда, бо мухлисоне,ки дар интизораш буданд,  мулоқот анҷом додааст. 
 Пештар хабар дода мешуд,ки Буффон бо “Ювентус” шартномаи яксола имзо мекунад,ки аз рӯи шартҳои он маоши  ӯ 1,5 миллион евроро ташкил медиҳад. Дарвозабони номбурда ба сафи туринӣ бепул гузариш хоҳад кард,чаро ки шартномаи ӯ бо “Пари Сен-Жермен” санаи 30-юми июни соли ҷорӣ ба анҷом расида буд.
Ёдрас мешавем,ки Буффон пештар дар сафи “Ювентус” аз соли 2001 то соли 2018 майдондорӣ намуда, бо ин бошгоҳ нӯҳ  маротиб қаҳрамони Италия гардидааст, дар ҳоле ки чор маротибаи дигар чун дорандаи Ҷоми ин кишвар ва панҷ бори дигар дорандаи Суперҷоми Италия  эълон шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив