LIVE

Буффонро ба Бразилия даъват карданиянд

Бошгоҳи футболи “Флуминенсе” ҷониби дарвозабони итолиявӣ Ҷанлуиҷи Буффон,ки “ПСЖ”-ро тарк намуд,таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Мутобиқи маълумоти расонаҳо ин бошгоҳи бразилӣ дар трансфери тобистона метавонад,ки ба Буффон шартнома пешниҳод намояд.  Буффон айни ҳол бозингари озод буда, аз ин лиҳоз ӯро метавон бепул ба даст овард. Пештар хабар дода мешуд,ки  Буффон ҳамчунин дар мадди назари бошгоҳҳои “Аталанта”, “Барселона”, “Латсио”, “Ҷеноа” ва “Брешия” қарор гирифтааст.  Мавсими сипаригардида Буффони 41-сола  дар чемпионати Фаронса 17 маротиб вориди майдон шуда, 18 гол ба дарвозааш сар додааст. Танҳо дар шаш бозиҳо ин итолиявӣ тавонист,ки ба дарвозааш гол сар надиҳад. Дар ҳайати “ПСЖ” бошад ин дарвозабон ғолиби Лигаи якум гардида буд. Лозим ба ёдоварист,ки пештар ин дарвозабони маъруфи итолиявӣ дар сафи “Ювентус” ва “Парма” майдондорӣ намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив