LIVE

Буффон тарки “ПСЖ” кард

Буффони 41 сола дирӯз ба таври расмӣ бошгоҳи “ПСЖ”-ро тарк кард. Ҷанлуиҷи Буффон соли 2018 ҳамчун футболбози озод ба бошгоҳи “ПСЖ” гузариш намуда буд. Қарордоди ҳамкории дарвозабони бо “ПСЖ” муддати як мавсим муқаррар шуда буд. Дар мавсими ҷорӣ Буффон дар ҳайати бошгоҳи парижӣ 25 дидор баргузор намудааст. Бо дастаи “ПСЖ” ӯ қаҳрамони Фаронса гардид. Буффони дастон дар тӯли фаъолияти дарвозабонии пурсамараш дар дастаҳои “Парма”, “Ювентус”, “ПСЖ” ва мунтахаби Италия майдондорӣ намуда, аз худ маҳорати боло нишон додааст. Хотиррасон мекунем, ки Буффон соли 2006 бо мунтахаби Италия Ҷоми ҷаҳонро соҳиб гардида буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив