LIVE

“Милан” бидуни сармураббӣ монд

Бошгоҳи футболи “Милан”-и Италия дар сомонаи расмиаш аз қатъ намудани шартнома бо сармураббӣ - Ҷеннаро Гаттузо эълон кард. Сабаби асосии барканории ӯ аз симати сармураббигӣ ин хуб фаъолият накарданаш дар мавсими 2018/19 ба шумор меравад. Гарчанде, ки даста бо роҳбарии Ҷеннаро роҳхати марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупои мавсими ояндаро соҳиб шуда бошад ҳам, аммо ин натиҷа соҳибмулкони “Милан”-ро қаноатманд накард. Гаттузо соли 2017 ба курсии сармураббигии “Милан” бар шуда буд. Қаблан коршинос дастаи кӯдаконаи “Милан”-ро тамрин медод. То ҳол дар мавриди сармураббии нави “Милан” хабарҳои расмӣ нашр нашудаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив