Дар доираи бозии даври 38-уми рақобатҳои чемпионати Италия ҷоизадори скуддето, дастаи “Ювентус” дар сафар бо тими “Сампдория” дидор наҷом дод. Бозӣ дар варзишгоҳи “Луиҷи Феррарис” баргузор шуда бо натиҷаи 2:0 бар суди мизбонон анҷом ёфт. Аз нуқтаи назари аҳдофи дастаҳо барои мавсими имсола ин бозӣ заррае аҳамият надошт, чунки бянконнери аллакай қаҳрамонанду “Сампдория” бошад имконияти пасту баландтар рафтанро аз зинаи 9-ум надошт.
Дар нимаи аввали дидор ҳамлаҳо хеле кам ба чашм расида, танҳо 1 зарбаи мустақим ҷониби дарвозаи мизбонон мушоҳида гардид. Вале дар қисми дуввуми дидор шогирдони Марко Ҷампаоло баҳри болидахотирии мухлисони худ бозӣ намуда, шумораи ҳамлаҳояшонро бештар намуданд, вале бахти онҳо то даҳаи охири рақобат баландӣ накард. Танҳо дар дақиқаи 84-уми дидор бозигари хати ҳуҷуми “Сампдория” Грегоре Дефрел дарвозаи Карло Пинсолоро рахна намуда, ҳисобро 1:0 намуд. Дар дақиқаҳи охири рақобат бошад дифоъгари туриниҳо Ругани дар наздикии ҷаримагоҳ ба қоидаситезӣ роҳ дод. Ҷанлука Капрари бошад аз зарбаи ҷаримавӣ тӯбро мустақиман ба дарвоза равон намуда ҳисобро 2:0 бар суди бозигарони шаҳри Гунуя намуд.
Ҳамин тариқ “Ювентус”, қаҳрамони имсолаи Италия бозии охирини мавсимиро бо мағлубият анҷом дода мавсимро бо 90 имтиёз ба итмом расонд. Ёдовар мешавем, ки мавсими гузашта бянконнери 95 имтиёз касб намуда буданд. “Сампдория” бошад мавсимро бо 53 хол дар зинаи 9 -ум анҷом медиҳад, ки ин ба фарқ аз мавсими гузашта як мавқеъ баландтар дар ҷадвал , аммо як имтиёз камтар ба ҳисоб меравад.