LIVE

Беҳтарин футболбози насли нав ба андешаи Моуриню кӣ аст?

Мураббии шӯҳратёри португалӣ Жозе Моуринйо маҳорати нимҳимоятгари “Аякс” ва мунтахаби Бразилия Давид Нересро хеле баланд баҳогузорӣ намуда, ӯро беҳтарин бозингари насли нав номидааст. 
“Давид Нерес ба таври пурра ҳамаи он чизеро,ки дар вуҷуди футболи бразилист, тариқи маҳорати  худ инъикос мекунад. Барои ман ӯ беҳтарин аст аз миёни футболбозони насли нав”,-гуфтааст Моуриню. 
Ёдрас мешавем,ки Нерес дар Ередивизияи мавсими солҳои 2018-19 8 гол ва 10 партофти головар дар омори хеш дорад. Ҳамчунин ин футболбоз  мавсими сипаришуда бо “Аякс” дар  чемпионати Ҳолланд  ғолиб омада,то марҳилаи ниманиҳоии Лигаи Қаҳрамонҳо расид. Моҳи июни соли равон бошад Нерес дар ҳайати мунтахаби Бразилия дар мусобиқоти Ҷоми Амрико ба майдон мебарояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив