LIVE

"Реал" сухани Зиданро дар замин нагузошт

Роҳбарияти бошгоҳи “Реал” билохира барои ҷалби ниммуҳофизатгари фаронсавӣ - Пол Погба розӣ шуд. Мадридиҳо нақша дорад, ки тобистони соли ҷорӣ ситораи «Манчестер Юнайтед» - Пол Погбаро харидорӣ кунад. Чӣ тавре, ки манбаъ менависад, худи сармураббии “Реал” - Зидан аз президенти даста хоҳиш намудааст, ки Чемпиони ҷаҳон дар ҳайати мунтахаби Фаронса ба ҳайати асосии даста шомил созанд.  Бошгоҳи испанӣ омодааст, ки барои ин ситораи футболи муосир 100 млн евро пардохт кунад. 
Маврид ба ёдоварист, ки Погба соли 2016 бо арзиши 105 млн евро аз “Ювентус” ба “МЮ” гузариш намуда буд.
Дар навбати худ “Ювентус” низ дубора хостори Погба шудааст, аммо вазъияти мушкили иқтисодӣ, ки бар асари коронавирус ба миён омад, аз хариди чунин як футболбози қимматбаҳо даст кашид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив