LIVE

Санаи гузариши Погба ба "Реал" муайян шуд

Роҳбарияти бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” ҳанӯз ҳам аз харидории ситораи фаронсавии “Манчестер Юнайтед” - Пол Погба даст накашидааст. Тибқи хабаргузории нашрияи L'Équipe “гаразмониҳо” рӯзҳои наздик гузариши бозигарро ба таври расмӣ эълон мекунанд. Сармураббии “Реал” Зинедин Зидан аз роҳбарияти даста хоҳиш намудааст, ки ҳарчӣ зудтар хавбеки 26 солаи “девҳои сурх”-ро харидорӣ намояд. Зидан мехоҳад, ки Погба то рӯзи 9-уми июл ба “Реал” гузариш намояд, чаро ки ӯро ҳамроҳ бо даста ба мусобиқаи Ҷоми байналмилалӣ чемпионҳо, ки дар ИМА баргузор мешавад, сафарбар кунад. Бошгоҳи англисӣ низ дар пайи ҷустуҷӯи ҷойгузини Погба мебошад. Айни замон арзиши қаҳрамони ҷаҳон дар бозори трансферӣ 150 млн евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив