LIVE

«Ювентус» Рэмсиро бо Погба иваз мекунад

«Ювентус» барои боз пас гирифтани ниммуҳофизатгари собиқи худ Пол Погба бо «Манчестер Юнайтед» гуфтушунидро анҷом медиҳад. Ба иттилои Football Italia туриниҳо паҳлуҳои мухталифи ин гузаришро меомузанд ва ба дастаи англисӣ бар ивази Погба ниммуҳофизатгари дигар Аарон Рэмсиро пешниҳод кард. Тобистони соли гузашта Рэмсии 29 сола ҳамчун футболбози озод ба «Ювентус» рафт ва агар «Манчестер Юнайтед» розӣ шавад ӯ дубора ба Англия бармегардад. «Ювентус» ба хотири футболбози фаронсавӣ ду ниммуҳофизатгари худро қурбон карданист. 
Дар баробари Рэмсии, Адриен Рабйо низ имкон дорад, ки дар «Манчестер Юнайтед» корномаи худро идома диҳад. 

Погба ба «Манчестер Юнайтед» аз «Ювентус» соли 2016 бо қимати  105 млн € гузариш намудабуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив