LIVE

“Ювентус” барои Погба 60 млн ва як бозигар пешниҳод кард

“Ювентус” ба тими футболи «Манчестер Юнайтед»  пешниҳоди ивази футболбозон кардааст. Туриниҳо барои гузариши ниммуҳофизатгари фаронсавӣ - Пол Погба 60 млн € ва ҳамчунин дар ин гузариш футболбози хеш Эмре Ҷанро низ шомил кардаанд. Муҳлати қарордоди ҳамкории Погба бо тими “МЮ”  18 моҳи дигар боқи мондааст. Аз миёни пешниҳодҳое, ки барои Погба буд, бошгоҳи шаҳри Турин ҷолибатиринашро ба миён гузошт. «Манчестер Юнайтед» аз чунин муомилот ҳам маблағ ва ҳам боз як футболбози дигар ба даст хоҳанд овард, зеро дар сурати моҳия январ ба ин кор иҷозат надиҳад,  футболбози мазкур метавонад дар минбаъда ҳамчун бозигари озод тағйири даста намояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив