LIVE

Криштиану Роналду ба як шарт дар «Ювентус» боқӣ мемонад

Ҳамлавари португалии бошгоҳи «Ювентус» Криштиану Роналду азм кардааст, ки агар имсол ӯ бо «Ювентус» Лигаи Чемпионҳоро соҳиб нашавад, пас ба дастаи «Манчестер Юнайтед» гузариш хоҳад кард. Португалӣ ба он хотир ба дастаи туринӣ гузариш намудааст, ки ғолиби Лигаи Чемпионҳо шавад.
«Криш ба Турин омодааст, то ки Лигаи қаҳрамонҳоро ба даст биёрад. Аммо ин кор ба осонӣ ба даст намеояд. «Ювентус» нақша дорад, ки Погба ва Мбапперо харидорӣ кунад. Дар сурати гузариши ин ду футболбоз шояд мухлисони «Ювентус» ба орзуи хеш расанд», – гуфт журналисти итолиёвӣ Эдуардо Инда дар пахши мустақими шабакаи La Sexta.
Ёдовар мешавем, ки Криштиану аз соли 2003 то соли 2009 дар дастаи «Манчестер Юнайтед» майдондорӣ мекард. Бо дастаи англисӣ Криш ҷоизаи ПЛА, Лигаи Чемпионҳо ва инчунин нахустин “Тӯби тиллоӣ”-яшро ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив