LIVE

«Криштиану Роналду, ба ман назар кун»

Ҳамлавари бошгоҳи “Ювентус” ва тими миллии Португалия Криштиану Роналдуи дастон боз орзуи як писараки 11 солаи имконияташ маҳдудро амалӣ сохт. Футболбози португалӣ ҳангоми бозгашт аз тамринҳо ба меҳмонхона диққаташро писарбачаи хурде ҷалб намуд. Дар роҳ Криш писаракеро, ки дар даст расми ӯ бо навиштаҷоти «Криштиану Роналду, ба ман назар кун» мушоҳида кард. Футболбоз аз ронандаи автобус хоҳиш кард, ки ҳаракатро боз дорад ва ӯ писараки имконияташ маҳдудро дохили нақлиёт хонда, бо вай якчанд расм гирифт. Мухлиси 11 солае, ки исмаш Эдуардо аст, аз бемории роҳи нафас азият мекашад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив