LIVE

Тими ҷадиди Погба маълум шуд

Сармураббии дастаи “Реал Мадрид” - Зениддин Зидан роҳбарияти бошгоҳи шоҳонаро маҷбур намудааст, то бо ниммуҳофизатгари мунтахаби Фаронса ва клуби «Манчестер Юнайтед» - Пол Погба қарордод ба имзо расонад. Худи футболбоз низ барои  тарки дастаи феълиаш чандон зид нест.  Яке аз сабабҳои дубора баргаштани мутахассиси фаронсавӣ ба ҳайси сармураббии Реал дар он будааст, ки Президенти клуби шоҳона - Флорентино Перес ваъда дода буд, ки Пол Погбаро ба “Реал Мадрид” меорад, аммо дар мавсими гузариши тобистонаи футболбозон Перес ба ваъдааш вафо накард. Ҳамакнун дар феҳристи исми бозингароне, ки барои Зизу лозим аст, Погба дар мади аввал меистад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив