LIVE

Амирҷон Сафаров расман бозигари “Хуҷанд” шуд

Футболбози тоҷик - Амирҷон Сафаров, ки қаблан дар ҳайати тими “Кӯктош”–и ноҳияи Рӯдакӣ бозӣ мекард, баъд аз ду моҳи марҳилаи санҷишӣ бо дастаи “Хуҷанд” қарордод ба имзо расонида, акнун расман футболбози ин даста гардид. Дар мавсими гузаштаи чемпионати Тоҷикистон Амирҷон 15 маротиба ба майдон баромада, муаллифи 7-гол ва 9-партофти головар шудааст. Дар ҳайати дастаи “Истиқлол” чемпиони Тоҷикистон, ҷоизадори Ҷом ва Суперҷоми мамлакат мебошад. Сафаров бо пироҳанҳои “Хуҷанд” дар бозӣ бо “Нефтчӣ” бори аввал ба майдон омада буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив