LIVE

Дастаи нави Фатҳулло Фатҳуллоев муайян шуд

Футболбози мунтахаби Тоҷикистон - Фатҳулло Фатҳуллоев баъд аз 6 моҳи ҳунарнамоӣ дар тими “Бухоро”-и Ӯзбекистон дубора ба Тоҷикистон баргаштааст. Бозигари таҷрибадор мақсад дорад то бо дастаи “Ҳуҷанд” қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонад. Собиқ бозигари дастаи “Истиқлол” дар марҳилаи санҷишӣ қарор дошта, аз эътимол дур нест, ки ӯ дар мавсими нав бо пироҳани клуби “Ҳуҷанд” ҳунарнамоӣ кунад.  
“Шуруъ аз  8-уми январ дар дастаи “Хуҷанд” тамрин дорам.  Ҳоло аниқ гуфта наметавонам, ки дар ин даста мемонам ё не. Аммо мақсад дорам, ки “Хуҷанд”-ро дар соли 2020 кӯмак намоям. Имсол даста боз ҳам пуркувват мешавад ва боварӣ дорам, ки Лигаи Олӣ боз ҳам ҷолибат мегардад, зеро дар он рақобатпазирӣ бештар мешавад”, гуфт Фатҳулло. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив