LIVE

Фатҳулло Фатҳуллоев расман футболбози "Бухоро" шуд


Фатҳулло Фатҳуллоев собиқ капитани дастаи "Истиқлол" расман футболбози дастаи "Бухоро"-и Ӯзбекистон шуд. Бозингари 29 солаи тоҷик дар ҳайати дастаи наваш то охири мавсим ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ин аввалин дастаи хориҷӣ барои Фатҳулло дониста мешавад. Дар ҳайати дастаи "Истиқлол" 11 сол инҷониб ҳунарнамоӣ карда, ғолиби чандинкаратаи Лигаи Олӣ, барандаи Ҷоми Президнети КФО-2012, финалисти Ҷоми КФО-2015, 2017 мебошад. Ӯ дар ҳоле тарки "Истиқлол" кард, ки дар пайи нокомиҳои дастаи шаҳри Душанбе дар Ҷоми КФО бештари бозингарон аз ин даста рафтанд. Эҳтимол аст, ки бозингари тоҷик дар дидори даври 14-уми мусобиқаи Суперлигаи Ӯзбекистон муқобили тими "Локомотив" ба майдон ояд. Ҳоло дастаи "Бухоро" бо 10 хол дар мақоми 12-ум ҷой дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив