LIVE

Чаро Фатҳулло Фатҳуллоев бар зидди Ҷопон бозӣ намекунад?

Ниммуҳофизатгари 29 солаи яккачини Тоҷикистон ва бошгоҳи “Бухоро”-и Ӯзбекистон Фатҳулло Фатҳуллоев шояд дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022, ки моҳи ноябр баргузор мешаванд, мунтахаби кишварро дар рақобат бо тимҳои Мянмар (14 ноябр, Янгон) ва Қирғизистон (19 ноябр, Бишкек) ёрӣ расонад. Ёдовар мешавем, ки қаблан Кумитаи интизомии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Фатҳулло Фатҳуллоевро барои корти сурх гирифтанаш дар бозии даври муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 бар муқобили Филиппин (1:2) аз ҳақи ширкат дар се бозӣ маҳрум намуда буд. Фатҳуллоев аллакай дар ду бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022-ро бар муқобили тимҳои Қирғизистон (1:0) ва Монголия (1:0) бозӣ накардааст. Ҳамин тавр Фатҳулло дар бозӣ бар зидди яккачини Ҷопон, ки 15-уми октябр баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистонро кӯмак карда наметавонад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив