LIVE

“Хуҷанд” бо ҳамлагари Ӯзбекистон қарордод мебандад

Футболбози Ӯзбекистон Фирдавс Асадов бо мақсади бозӣ кардан дар дастаи “Ҳуҷанд” феълан дар Тоҷикистон қарор дошта, бо ин тими кишвар марҳилаи омодагӣ ба мавсими навро баргузор мекунад.   Фирдавс Асадов 23 сол дошта, қаблан дар дастаҳои “Қуқанд” ва “Бухоро”-и кишвараш бозӣ кардааст. Ин ҳамлагари ҷавон феълан аз назари ситоди мурабиёни даста мегузарад ва эътимол меравад, ки бо ӯ шартнома баста мешавад. Дар баробари Фирдавс Асадов инҷунин ба дастаи “Хуҷанд” бо як чанд бозигарони нав ҷалб гардидаанд. Ёдовар мешавем, ки охирҳоми моҳи декабр сармураббии дастаи мазкур мутахассиси сербиягӣ Никола Лазаревич таъин карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив