LIVE

Ду футболбози собиқи Истиқлолу Хуҷанд дастаҳои нав пайдо карданд


Ду нафар аз футболбози ӯзбек, ки дар ҳайати дастаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд" ҳунарнамоӣ менамуданд, дар чемпионати Суперлигаи Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекунанд. Сухан дар мавриди ҳимоятгарон Ҷалил Кимсанов ва Асилҷон Бегимқулов меравад, ки футболбозони мазкур  ниммаи аввалро дар дастаҳои Тоҷикистон гузаронида, яке бо роҳ наёфтани дастаи "Истиқлол" ба даври плей-офи Ҷоми КФО ва дигари бо қарори сармураббии "Хуҷанд" тарки дастаҳо карданд. Собиқ футболбози дастаи "Истиқлол" Ҷалил Кимсанов бо дастаи "Андиҷон"-и кишвараш шартнома баста Бегимқулов бошад ба дастаи "Бухоро"-и Муҳсин Муҳаммадиев пайваст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив