Роҳбарияти бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон ба ҳамлагари тими миллии футболи Тоҷикистон ва «Истиқлол»-и Душанбе Шаҳром Самиев таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Шаҳроми ҷавон ба ҳайси футболбози озод ба тими «Рубин» гузариш хоҳад кард. Феълан ин футболбози умедбахши тоҷик дар марҳилаи санҷишӣ қарор дорад. Дар мавсими гузашта Шаҳром бо пироҳани «Истиқлол» 18 вохӯрӣ анҷом дода, ба задани 4 гол даст ёфтааст. Дар ҳайати якачини Тоҷикистон бошад, шаш маротиба ба майдон баромада, 2 гол задааст. Дар дастаи «Рубин» қаблан ду футболбози дигари тоҷик Искандар ва Алишер Ҷалиловҳо бозӣ кардаанд.