LIVE

Кароматулло Саидов нимаи дуюми мавсимро дар Кӯктош мегузаронад

Кароматулло Саидов ниммуҳофизатгари дастаи "Хатлон" ва тими милии Тоҷикистон расман ба дастаи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ гузашт. Ӯ дастпарвари бошгоҳи "Вахш" (ҳозира "Хатлон") буда, то ин дам дар ҳайати ҳамин даста ҳунарнамоӣ мекард. Мавсуф айни замон ҳамроҳ бо дастаи миллии кишвар дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми байниминтақавии қаҳрамонҳо дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон қарор дорад. Саидов баъди богзашт ба тамринҳои дастаи наваш мепайвандад.Дар мавсими имсолаи футбол Саидов дар 10 бозии дастаи "Хатлон" ширкат кард ва муаллифи як гол шуд. Футболбози 20 соли қаблан дар ҳайати дастаҳои миллии Тоҷикистон U-16, U-19 ва U-23 ҳунарнамоӣ кардааст. Қабл аз дастаи "Хатлон" инчунин дар тимҳои "Барқчӣ" ва "Хуҷанд" фаъолият намудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив