LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиашро оғоз кард


Дастаи мунтахаби футболи мамлакат омодагии хешро ҷиҳати ширкат дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми минтақавии қаҳрамонҳо -2019 (Hero Intercontinental Cup 2019) оғоз намуд. То сафар ба шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон дастаи миллии кишвар дар варзишгоҳи "Куктош Арена" ба машқу тамрин фаро гирифта мешавад. Дирӯз ҷамъомади аввалин бо роҳбарии Усмон Тошев сурат гирифта, дар он ҳаммаи ҳайати бозингарон ғайр аз Ҷаҳонгир Эргашев ширкат карданд. Ҳамлагари дастаи "Хуҷанд" дар бозии мавқуфмондаи даври 9-ум дар вохӯрӣ бо "Панҷшер" осеб гирифта, дар дақиқаи 52-юм майдонро тарк кард. Бо ҳамин сабаб ӯ ба дастаи мунтахаб дар ин мусобиқаи байналмилалӣ кӯмак расонида наметавонад. Бештари бозингарони дастаи миллии кишварро футболбозон аз бошгоҳи "Истиқлол" ташкил медиҳанд. Инчунин ду нафар бозингар аз дастаҳои Лигаи якум ба тими миллӣ даъват шудааст. Дар таърихи футболи кишвар бори аввал мешавад, ки бозингарон аз мусобиқаи нуфузи дуюмдоштаи мамлакат ба дастаи мунтахаб пазируфта мешаванд. 

 7 июл (якшанбе)

Ҳиндустон - ТОҶИКИСТОН  (19-30)

10 июл (чаҳоршанбе) 

ТОҶИКИСТОН - Сурия  (19-30)

15 июл (душанбе)

ҶХДК -  ТОҶИКИСТОН  (19-30)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив