LIVE

Футболбози Хатлон барои санҷиш ба Қазоқистон меравад

Ҳусейн Нурматов ҳимоятгари дастаи "Хатлон" ва тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои санҷиш ба ду дастаи Премер Лигаи Қазоқистон даъват шуд. То маълум гардидани натиҷаи ниҳоӣ исми дастаҳо ном бурда намешавад. Нурматов дастпарвари бошгоҳи футболи "Вахш" (ҳозира "Хатлон") буда, дар тимҳои миллии наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон пайваста даъват мешуд. Шартномаи феълии футболбози 19 сола бо дастаи "Хатлон"  то охири ҳамин мавсим дар назар дошта шудааст. Ҳусейн Нурматов ғайр аз дастаи "Хатлон" инчунин дар бошгоҳҳои "Помир" (Душанбе), Барқчӣ (Ҳисор) ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ ҳамроҳ бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон дар чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия доир шуда буд се дафъа дар ҳайати асосӣ ба майдон омад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив