LIVE

Легионери ӯзбек ба «Кӯктош» иқбол овард

Рақобатҳои даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни бошгоҳҳои Лигаи олӣ бо бозӣ байни тимҳои “Хатлон” ва “Кӯктош” оғоз гардид. Набарди ҳарифон дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар баргузор шуда, бо ҳисоби минималии 1:0 ба суди меҳмонон хотима ёфт. Ягона голи ин майдондориро легионери ӯзбек - Муҳиддин Одилов таслими дарвозаи мизбонон намуда, пирӯзии дастаашро дар ин рақобат таъмин сохт. Баъди ин муваффақият бошгоҳи “Кӯктош” ба зинаи 2-юми ҷадвали Лигаи олӣ роҳ ёфт.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 9-ум
«Хатлон» – «Кӯктош» – 0:1
Гол: Муҳиддин Одилов, 58.
«Хатлон» (Бохтар): Шаҳром Исмоилов, Ҳусейн Нурматов, Алишер Салимов, Алишер Баротов, Эраҷ Раҷабов, Маҳмадалӣ Садиқов, Кароматулло Саидов (Наимҷон Ибрагимзода, 70), Умарҷон Шарипов (Ҳудойдод Узоков, 61), Муҳаммад Насков, Парвиз Ахунов (Абдухалил Боронов, 46), Нуриддин Ҳамроқулов.
«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Беҳрӯз Хайриев, Аҳтам Холбоев, Принс Артур, Холмурод Назаров (Баҳром Уразов, 56), Султоншо Мирзоев, Мунир Давлатбеков (Меҳроҷиддин Музаффаров, 56), Бунёд Шодиев, Мисиам Иносент, Муҳсин Абдуғаффоров, Муҳиддин Одилов, Амирҷон Сафаров (Азизбек Султонов, 80).
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив