LIVE

Манучеҳр Сафаров ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон U - 18 даъват шуд

Дифоъгари бошгоҳи футболи “Хуҷанд” - Манучеҳр Сафаров ба ҳайати ҷавонони мунтахаби Тоҷикистон (U18) барои иштирок дар мусобиқаи дӯстона бар муқобили мунтахаби Арабистони Саудӣ (U18) даъват шудааст. Бозии дӯстона миёни мунтахабҳои то 18 солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯзҳои 26-ум ва 29-уми июл дар шаҳри Таиф баргузор мешавад. Ҳайати мунтахаби ҷавонони кишварро футболбозони то 17 солае ташкил медиҳад, ки тирамоҳи соли 2019 дар Ҷоми ҷаҳони, ки дар Бразилия доир мешавад, иштирок мекунанд.
Бозиҳои дӯстона
26 июл (ҷумъа)
Арабистони Саудӣ (U-18) – ТОҶИКИСТОН (U-18)
Таиф, Арабистони Саудӣ
29 июл (душанбе)
Арабистони Саудӣ (U-18) – ТОҶИКИСТОН (U-18)
Таиф, Арабистони Саудӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив